Сафари вазири захираҳои обию обёрии Миср ба Тоҷикистон
Ҳусом Мағозӣ, вазири захираҳои обию обёрии Миср дар доираи як сафар ба шаҳри Душанбе меояд.
Дафтари матбуоти Вазорати захираҳои обию обёрии Миср ҳадафи боздиди раҳбарияти худ аз Тоҷикистонро иштирок дар Конфронси байналмилалии “Об барои ҳаёт” арзёбӣ кардааст.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 аз 9 то 11 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Қарор аст, дар ин конфронс намояндагони беш аз 70 кишвару 50 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид – Пан Ки Мун иштирок намоянд.