ММТ шумори Марказҳои имтиҳонсупориро эълон кард
Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон шумораи Марказҳои қабули имтиҳоноти довталабонро дар соли 2015 эълон кард.
Ситорабону Назарова, сухангӯи ин ниҳод мегӯяд, имсол барои довталабон дар тамоми ҷумҳурӣ 41 Маркази имтиҳоӣ таъсис шудааст: “Дар шаҳри Душанбе 15 марказ, вилояти Суғд 11, вилояти Хатлон 13 ва барои навоҳии минтақаи Рашт ва вилояти Бадахшон 1-тои маркази имтиҳон роҳандозӣ гардидааст”.
Ба иттилои манбаъ, имтиҳоноти дохилшавӣ имсол аз якуми июл оғоз мешавад.