Ҳукми зиндони марди 42-сола барои анҷоми амалҳои шаҳвонӣ нисбати ноболиғ
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як марди 42-соларо барои даст доштан дар амалҳои шаҳвонӣ нисбати ноболиғ 17 сол равонаи зиндон кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, маҳкумшуда -- В.С., зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, дар мурофиаи додгоҳӣ худро пурра гунаҳкор донистааст. Ғайрат Сангинзода, раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки раисикунандаи мурофиа будааст, гумонбарро бо моддаи 139 қисми 4 банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ 17 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт, ҳукм содир кардааст.
Манбаъ мегӯяд, В.С. дар соли 2004 ба муҳлати 12 солу 6 моҳ зиндонӣ шуда, соли 2009 раҳо шудааст. Таҳсилоти ӯ миёнаи махсус, ихтисосаш ронанада ва оиладору соҳиби се фарзанд гуфта мешавад.