Тоҷикистон беш аз 50 шаҳрванди хориҷиро ихроҷ кардааст
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз ихроҷи беш аз 50 шаҳрванди хориҷӣ хабар медиҳад.
Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангуи Хадамоти муҳоҷират имрӯз, 21 май ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ, нисбати 83 шаҳрванди хориҷӣ барои риоя накардани қоидаҳои будубош протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ҷаноби Қодирӣ афзуд, аз ин теъдод 56 нафар барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои будубош бо қарорҳои суд аз қаламрави Тоҷикистон берун шудаанд, ки бештари онҳо шаҳрвандони Чин ҳастанд.
Номбурда мегӯяд, дар асоси нақшаи корӣ оид ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, фаъолияти меҳнатӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ зиёда аз 35 ширкатро мавриди санҷиш қарор додаанд: “Зимни санҷишҳо муайян шуд, ки дар ин ширкатҳо 2049 шаҳрванди хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буда, дар баробари онҳо 3615 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ бо ҷойи кор таъмин шуданд”.
Ӯ мегӯяд, бо мусоидати кормандони шӯъбаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ 545 шаҳрванди хориҷӣ барои гирифтани иҷозат барои кор ба шӯъбаи иҷозатномадиҳӣ фиристода шудаанд: “Бояд қайд кард, ки мутахассисони хориҷӣ асосан аз Ҷумҳурии мардумии Чин, Русия, Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, ИМА, Қирғизистон ва ғайраҳо мебошанд”.