«Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар асоси ҷомеаҳо ҳамчун моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ».
Бо ҳамин унвон Душанбе мизбони нишасти вижае буд, ки бо ибтикори барномаи «Қадам ба қадам»-и Институти «Ҷомеаи Кушода»-Бунёди Мадад доир гардид. Муайян кардани фаъолияти минбаъда дар ростои рушди босуботи таҳсилоти барвақтии кӯдакон дар Тоҷикистон тавассути таъсиси моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабиро таъсисдиҳандагон аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи ҳамоиш номиданд. Дар нишасти мазкур намояндагони ниҳодҳои дахлдор аз шаҳри Душанбе, вилояту ноҳияҳо ва ҳукуматҳои маҳалӣ, инчунин шарикони барномаи «Қадам ба қадам» аз «Бунёди рушди кӯдак»-и Лаҳистон иштирок доштанд. Треза Огродзинская, намояндаи барномаи «Бунёди рушди кӯдак» дар мавриди ин созмони лаҳистонӣ маълумот дода зимнан афзуд, ки мақсади аслии таъсиси хазина пайдо намудани замина барои таҳсилоти кӯдакони синни то мактабӣ мебошад. Номбурда қайд кард, ки аз моҳи сентябри соли 2012 сар карда дар Лаҳистон кӯдакони 6 сола мактаби таҳсилоти ибтидоиро оғоз мекунанд ва барои кӯдакони 5 сола бошад, як сол таҳсилоти тайёрӣ ба мактаб ҳатмӣ мешавад. «Дар деҳоти Лаҳистон таҳсилоти то мактабӣ ду маротиба зиёд шуда, айни ҳол 40 дарсади кӯдакони деҳот ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳадди аққал дар ҳокимиятҳои маҳаллӣ як маркази таҳсилоти то мактабӣ таъсис дода шудааст, ки аз ҳисоби буҷаи мақомоти ҳокимиятӣ (шаҳрдории) маҳаллӣ маблағгузорӣ мешавад. Айни ҳол аъзои парлумон ин масъаларо ба роҳ мондаанд, ки барои таҳсилоти то мактабии кӯдакон кумак кунанд»,-илова намуд Треза Огродзинская. Ин дар ҳолест, ки хонум Огродзинская раванди ба таълим фаро гирифтани кӯдакони аз 2 то 5 соларо дар Лаҳистон бад арзёбӣ мекунад. Ба қавли вай 60 фисади кӯдакон аз таълими саривақтӣ канор мондаанд.
Лола Бобоева, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои барномаи «Қадам ба Қадам» зимни суханронии худ гуфт, ки дар Тоҷикистон танҳо 7 фоизи кӯдакони аз 3 то 6 сола ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд ва аксаран дар деҳот кӯдакони синни томактабӣ аз ин муассисаҳо дуранд. Ӯ мегӯяд ин нуктаро ба назар гирифта, барномаи «Қадам ба қадам»-и ИҶК-БМ дар Тоҷикистон аз соли 2003 лоиҳаи «Омода кардани кӯдаконро ба мактаб тавассути волидон» дар объектҳои озмоишии барнома роҳандозӣ мекунад. «Дар оянда ният дорем, натиҷаҳои барномаро дар шакли ҳисобот ба вазорати маориф пешниҳод намоем, то аз он дастгирӣ кунанд»,-гуфт хонум Бобоева.{jathumbnail off}