Шарҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оид ба хисороти заминларзаи рӯзи гузашта
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи заминларзаи рӯзи гузашта чанд манзили истиқоматӣ ва мактаб хисорот дидаанд.
Ориф Нозимов, сухангӯи ин ниҳод, имрӯз, 21 май ба “Озодагон” иттилоъ дод, заминҷумбӣ соати 8:31 бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон рух дода, марказаш 120 километрии Шимолу – Шарқ, дуртар аз шаҳри Душанбе будааст: “Қувватнокии зилзила дар маркази он 4-5 балл, дар Душанбе 2-3 баллро ташкил намуд”.
Ҷаноби Нозимов афзуд, дар пайи заминларза девори як манзили зист дар ҷамоати деҳоти Чилдараи деҳаи Чашмаи кабуди ноҳияи Тавиллдара кафидааст: “Дар шаҳри Роғун дар мактаби №1, ки аз ду ошёна иборат мебошад, се синфхона ва ду утоқи корӣ осеб дидаанд, дар мактаби №3-и шаҳраки Оби Гарм, дар девори 15 синфхона таркишҳо ба вуҷуд омадаанд”.
Манбаъ мегӯяд, тибқи маълумоти комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Роғун биноҳо зарари ҷиддӣ надидаанд ва дар онҳо идомаи таҳсил имконпазир аст. Ба иттилои Ориф Нозимов, дар ноҳияи Балҷувон ҷамоати деҳоти Сари Хосор, деҳаи Мулокон ду синфхонаи мактаби таҳсилоти умумии №33 пурра зарар дидааст: “Дар натиҷаи фаромадани ярч дар деҳаи Қозиёни ҳамин ҷамоат 20 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дидааст (деворҳои хона кафидаанд). Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳиявӣ барои муайян намудани зарари расида, ба ҷои воқеа сафарбар гардидаанд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”.
Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон таъкид намуд, бартарафсозии ҳолатҳои мазкур мувофиқи таснифот бар души мақомоти давлатии ҳокимияти ноҳия мебошад.