Боздошти як зан бо иттиҳоми фурӯши тифли навзод
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 26-сола хабар медиҳад, ки дар фурӯши тифли навзодаш муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, боздоштшуда бо маслиҳати пешакӣ бо модари 55-солааш аз шаҳри Ваҳдат, тифли худро ба як зани 26-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 500 сомонӣ ва 2000 рубли русӣ фурӯхтааст.
Вазортаи умури дохилии Тоҷикистон гуфт, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.