Абдулмаҷид Достиев, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия ва кормандони cафоратхона бино бо ирсоли номае ҳамдардии худро ба наздикон ва аҳли хонаводаи раиси собиқи Маҷлиси Олӣ ва вазири пешини маорифи ҷумҳурӣ-Сафаралӣ Раҷабов изҳор намудаанд.
Ёдовар мешавем, Сафаралӣ Раҷабов шаби 5-уми октябр дар синни 57-солагӣ бар асари сактаи қалбӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт.
Маросими ҷанозаи собиқ райиси МН соати 11-и рӯзи гузашта (6-уми октябр) дар масҷиди марказии пойтахт баргузор шуд ва ҷасади ӯро дар қабристони Лучоб ба хок супориданд.{jathumbnail off}