Раҳимзода: Маблағи 319 пистолету револвери мардумро медиҳем (ВИДЕО)
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 20-уми май ба қонун “Дар бораи силоҳ” тағйиротеро илова намуд, ки тибқи он силоҳҳои қонунӣ гирифтаи шаҳрвандон ҷамъоварӣ хоҳад шуд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни шарҳи лоиҳаи мазкур гуфт, тағйирот ба қонун усули ҷамъоварии силоҳ ва ҷуброни маблағи онро муқаррар мекунад: “Мақсади таҳияи ин лоиҳа, муайян намудани тартиби аз гардиш гирифтан ва ҷуброни маблағи силоҳи оташфишони зарбаш маҳдуд, таппончаҳо ва патронҳои ҷароҳатрасон мебошад, ки шаҳрвандон то манъи гардишашон ин силоҳҳоро тибқи қонун ба ихтиёри худ гирифтаанд”.
Раҳимзода зикр кард, 26-уми июли соли гузашта ба моддаи 9-и қонун “Дар бораи силоҳ” тағйиру иловаҳое ворид гардиданд, ки гардиши силоҳҳои номбаршударо мамнӯъ карданд: “Вақте шаҳрвандон бо истифодаи ин силоҳҳо ба кирдорҳои ғайриқонунӣ даст заданд, мо маҷбур шудем, гардиши онро манъ кунем. Пеш аз ворид намудани ин тағйироту иловаҳо 319 адад таппончаю револверҳо дар ихтиёри шаҳрвандон қарор доштанд. Акнун тибқи тағйироте, ки қабул шуд Вазорати корҳои дохилӣ тартиби гирифтани ин силоҳҳоро муайян мекунад".
Вазири умури дохилӣ таъкид намуд, барои поймол нагардидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, баъди гирифтани силоҳҳои қайдшуда аз суратҳисоби махсуси ниҳоди зертобеаш марҳила ба марҳила маблағи силоҳҳои мусодирашуда ба шаҳрвандон пардохт хоҳад шуд.