Баррасии ҳамкориҳои сиёсии Тоҷикистону Эрон дар Душанбе
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ, ин вохурӣ зуҳри 20 май дар Душанбе баргузор шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо дар мулоқот масоили марбут ба раванди ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Эронро ҳамчунин масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ баррасӣ кардаанд.