Соҳиби тӯй бо “кортеж”-и тӯлонӣ Қаҳҳоров будааст
Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи соҳибони тӯйе, ки “кортеж” ё қатори мошинҳои он то 15 мерасиду аз Душанбе то Варзоб касе натавонист, сади роҳи он шавад, санад тартиб додааст.
Як манбаъ аз Кумитаи дин рӯзи 20 май дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, соҳиби ин тӯй -- Шараф Қаҳҳоров, соҳибкор аз шаҳри Душанбе, сокини ноҳияи Сино буда, алайҳи ӯ дар асоси банди 5-и моддаи 10-и Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба додгоҳ парванда ирсол шудааст. Ба қавли манбаъ, соҳибкори тоҷик дар посух ба суоли масъулини Кумитаи дин, ки чаро ба нақзи қонун роҳ дод, гуфтааст, “ҷавонон бидуни даъват ба қатори мошинҳо ҳамроҳ шудаанд ва чунин ҳолат ба миён омадааст”.
Ин дар ҳолест, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо пахши як гузориш аз “рейд”-и Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, “кортеж” ё қатори мошинҳои тӯёнаеро нишон дод, ки ҳудуди 15 мошини гаронарзишро дар бар мегирифт. Масъулини Кумитаи дин дар шарҳи ин рейди худ гуфтанд, дар ҳоле ки дар тӯй набояд зиёда аз 4 адад бошад, дар ин “кортеж” ҳудуди 15 мошин бо нақзи тамоми қоидаҳои роҳ ҳаракат мекарданду ҳатто нозирони БДА низ натавонистаанд, садди роҳи онҳо шаванд. Тибқи ин навор қатори мошинҳои гаронарзиш аз Душанбе ба тарафи Варзоб ҳаракат намуда, вориди яке аз истироҳатгоҳҳо шуданд.
Яке аз нозирони БДА, ки қонуншикании қатори мошинҳоро диду онҳоро боздошт накард, дар рӯбарӯи дастгоҳи наворбардорӣ гуфт, дар ҷое, ки ӯ истодааст, ҳаққи манъ кардани мошинҳоро надорад. Нозири дигаре, ки дар масири ҳаракати “кортеж” қарор дошт, ба гузоришгарон гуфт, талош намуд онҳоро манъ кунад, аммо якбора се мошин ба тарафаш ҳаракат кардаанд ва натавонист мошинҳоро боздорад.
Дар ҳамин ҳол масъулини Кумитаи дин ба “Озодагон” гуфтанд, дар робита ба бетаваҷҷуҳии кормандони БДА, ки дар чунин ҳолатҳо манъ ва боздошти қатори тӯёна вазифаи онҳо мебошад, ба раҳбарияти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мактуб ирсол шудааст.