Ҷавоби Маркази исломӣ ба “насиҳатгарон”-и Эмомалӣ Раҳмон
Маркази исломии Тоҷикистон бо пахши изҳороте ба нашрияи “Ҳашти субҳ-и Афғонистон, ки ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар тавсия дод, ба мақомот бигӯяд, то ба ҷои баҳси ҳиҷобу риш ба мушкилоти иқтисодию иҷтимоии мардум расидагӣ шавад, вокуниш нишон додааст.
Дар изҳороти ниҳоди таҳти раҳбарии Сайидмукаррам Абдулқодирзода ба масъулини нашрия тавсия шудааст, ба ҷои ироаи маслиҳату тавсия ба Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои муттаҳид сохтани миллати худро биҷӯянд: “Ба касе пӯшида нест, ки Афғонистон солҳо боз ба майдони бозиҳои геополитикии абарқудратҳо табдил ёфта ва сабаби асосии он - даст наёфтан ба ваҳдати сартосарии миллати Афғонистон аст. Агар он носеҳоне, ки гӯё ғами Тоҷикистонро хӯрданӣ мешаванд, сари масъалаи асосии амнияти Афғнистон-роҳу усулҳои муттаҳид сохтани миллат ва барпо кардани як давлати мутамарказро ҷиддан андеша мекарданд, дигар қуввае наметавонист онро тикаву пора кунад”.
Масъулини марказ гуфтаанд, нашрияи кишваре ба “насиҳат”-и Эмомалӣ Раҳмон бархостааст, ки беш аз 30 сол аст, наметавонад мушкили дохилии худро ҳал кунад. Дар ҳоле ки ҷанги дохилии Тоҷикистон танҳо 5 сол давом карда, роҳандозии консепсияе аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, миллат аз вартаи нобудӣ раҳо ёбад: “Тармими бадан аз мағзи он шурӯъ шуд, на аз ҷойи дигар. Вақте ки мағз дуруст кор кунад, дигар тамоми буния ба он тобеъ хоҳад шуд. Агар ин таҷрибаро “дӯстони носеҳ”-и мо дуруст ба кор мегирифтанд, Афғонистон низ марҳилаи бозсозии миллиро кайҳо пушти сар мекард...”
Дар идома таъкид шудааст, Тоҷикистон дорои Сарқонуне аст, ки дар он кулли ҳуқуқҳои мардум, аз ҷумла ҳаққи озодиҳои шахсӣ марқум аст ва дигар қонунҳо, аз ҷумла дар бораи эътиқодоти динӣ амал мекунанд ва касе ҳаққи нақз кардани онҳоро надорад ва иқдомҳои охир низ “барои покизагии фарҳанги миллии хеш” гирифта шудаанд: “Ишораи Сарвари давлат дар маҳфили зиёиёни кишвар роҷеъ ба покиза нигоҳ доштани фарҳанги пӯшиш танҳо ва танҳо ба бонувони кишвари Тоҷикистон дахл дошт ва ин як кори маъмулии ҳар садри аъзами дилхоҳ давлат аст”.
Масъулини Маркази исломии Тоҷикистон дар охир аз ин нашрияи Афғонистон даъват кардаанд, ба масоили вобастаи дохилии як кишвар дахл накунанд: “Аз ин як масъалаи дохилии як давлат, ки назму низоми фарҳанги як миллатро фаро мегирад, фоҷиаи байналмилалӣ сохтан ба қавле аз пашшае фил сохтанро мемонад”.
Аз ин пеш, Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо навиштани матлабе ба тавсияҳои “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон посух гуфта буд. Дар матлаби оқои Юсуфов гуфта мешуд, “чунин “дилсӯзиҳо” танҳо як ҳадаф доранд ва он ҳам эҷоди тафриқаву иғво, ба гуруҳҳо ҷудо сохтани мусулмонону бадном сохтани миллати сулҳпарвар аст”.
Нашрияи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон рӯзи 16 майи соли равон дар матлабе унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон маҳдудиятҳои мазҳабӣ дар кишварро ба баҳс кашида, дар зимн барои Эмомалӣ Раҳмон чанд тавсияе карда буд. Аз ҷумла муаллифони ин нашрия гуфтанд, “Душанбе бояд мушкили обҳои муштарак бо Узбакистонро ҳал карда, бо роҳандозии пружаҳои бузурги иқтисодӣ зиндагии мардуми кишварро беҳбуд бахшад. Вақте амнияти иқтисодӣ таъмин аст ва мардум шуғле доранд, шикори гуруҳҳои ифротӣ намешаванд. Тақвияти иқтисоди Тоҷикистон метавонад тамоми барномаҳои беруниро барои ноамнсозии ин кишвар хунсо кунад”.