Патрушев дар Тоҷикистон аз хатари қишри норозӣ ҳушдор дод
Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия фаъолшавии НАТО ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар наздикиҳои сарҳади Русия, на танҳо хатар ба ин кишвар, балки ба иттифоқчиёни он низ хондааст.
Патрушев, ки имрӯз, 20-уми май дар шаҳри Хуҷанд, дар ҷаласаи дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баромад мекардааст, изҳор доштааст, ки дар ҷаҳони муосир дар муборизаи давлатҳо барои манофеи худ “амалиёти ғайримустақим” маъмул шудаанд.
Патрушев, ки дар ҳузури дабирони Шӯрои амнияти Тоҷикистону дигар кишварҳои узви СПАД суханронӣ кардааст, ҳушдор додааст, ки дар бархӯрди манофеи давлатҳо қишри норозии ҷомеа, созмонҳои экстремистию террористӣ ва ширкатҳои ҳарбии хусусӣ зиёд кор бурда мешаванд.
Дабири кулли Шӯрои амнияти Русия афзудааст, ки таҳдидҳои ҷаҳони муосир бо фазои иттилоотӣ омезиш ёфтаанд ва “баҳори араб”-у вазъ дар Сурия, Ироқу Украинаро мисол овардааст.