Вазир гуфт, ҷонибдори ҳукми қатл аст
Вазири умури дохилии Қирғизистон гуфтааст, ба ҷорӣ кардани ҳукми қатл барои онҳое, ки даст ба таҷовузи ноболиғон мезананд, зид нест. Дар ин бора расонаҳои ин кишвар хабар додаанд.
Вазорати умури дохилаи ин кишвар рӯзи 20 май гуфтааст, ҷинояти таҷовузи ноболиғон таҳти назорати шадиди ин ниҳод қарор дорад. Расонаҳои қирғизӣ бо такя ба ВУД навиштаанд: “Дар баробари шахсоне, ки ба амалҳои хушунат алайҳи кӯдакон даст мезананд ва касоне ҳам ки ин гуна ҷиноятҳоро пинҳон мекунанд, иқдоми сахтгиронае қабул мешаванд”.