Маҳкумияти 11 пулис дар робита ба қатли Фархунда
Маҳкамаи ибтидоии Кобул дар робита ба қатли Фархунда, духтари 27-солаи афғон, ки аз ҷониби тӯдаи мардон кушта шуд, 11 тан пулисро маҳкум кардааст.
Сафиуллоҳ Муҷаддадӣ, раиси маҳкамаи ибтидоии шаҳри Кобул дар ҷаласаи рӯзи сешанбеи 19-уми май дар мавриди 11 тан аз маъмурини пулис ҳукми ҳайати қазоиро чунин баён кардааст: “Бо дарназардошти аҳкоми қонун ҳар воҳидатонро дар қазияи ғафлати вазифавӣ тибқи ҳидояти моддаи 43-и қонуни ҷароими аскарӣ ба муддати як сол ҳабс маҳкум ба ҷазо намудем”.
Раиси маҳкама таъкид намудааст, ки ин ҳукми ниҳоӣ набуда, ҳар яке аз муттаҳамон ҳаққи истинофхоҳиро доранд. Пеш аз ин маҳкамаи ибтидоии Кобул 4 танро ба ҷурми қатл Фархунда ба эъдом ва 8 танро ба ҳабси 16 сол маҳкум кард. Ин ниҳод, инчунин 18 тани дигар ба далели набуди аснод ва шавоҳиди кофӣ раҳо кард.