Раҳмонов: Чин 4 тоҷикистониро ба қатл маҳкум кардааст (ВИДЕО)
Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар Чин 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳукми қатл маҳкум шудаанд, вале ҳанӯз ин ҳукм мавриди иҷро қарор нагирифтааст.
Юсуф Раҳмонов имрӯз, 20-уми май зимни муаррифии Шартнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин оид ба бозпас гардонидани маҳкумшудаҳо дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон гуфт, дар маҷмӯъ 16 шаҳрванди Тоҷикистон бо шумули 9 мард ва 7 зан дар Чин зиндониянд. Аз ин теъдод, 5 кас -- ду зан ва 3 мард ба ҷазои ҳабси абад маҳкум шуда, 7 тани дигар ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, се тан аз 4 нафаре, ки барои додугирифти маводи мухаддир ба ҳукми қатл маҳкум шудаанд, зан ҳастанд. Ӯ гуфт, шаҳрвандони маҳкумшуда ба қатл, ҳанӯз зиндаанд ва дар сурати интиқолашон ба Ватан ҳукми онҳо низ ба қонунгузории Тоҷикистон мутобиқ мешавад. Ба гуфтаи додситони кулл, ин афрод дар Тоҷикистон ё ҳукми абад мегиранд ё ҳукми дигаре, ки ба қонунҳои Тоҷикистон мувофиқ аст.
Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, бо тасвиби шартномаи мазкур имкони ба Ватан овардани шаҳрвандони зиндонии Тоҷикистон фароҳам меояд. Ӯ таъкид кард, хароҷоти интиқол аз ҳисоби наздикони маҳбусон аст ва раванди интиқол бо розигии хаттии зиндониён сурат хоҳад гирифт.
Ба иттилои додситони кулл, дар Тоҷикистон се шаҳрванди Чин маҳбус ҳастанд, ки бо қарори додгоҳ дар таҷовуз ба номус, расондани зарари ҷисмонӣ ва интиқоли маводи нашъаовар гунаҳкор шудаанд.
Номбурда ҳадафи тасвиби шартномаро ҳифзи ҳуқуқу манфиати шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва фароҳам овардани имконияти гузаронидани қисми боқимондаи ҷазо дар ватани худ унвон кард.
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз Тоҷикистон бо Хитой, Эрон, Украина, Афғонистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил шартномаҳои дуҷониба оид ба бозпас овардани маҳкушудаҳоро ба имзо расонидааст: “Инчунин, масъалаи бозпас овардани маҳкумшудагон дар шартномаҳои дуҷониба оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ, оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва оилавӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Туркия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон низ ба танзим дароварда шудааст”.
Дар пайи баромади додситони кулл вакилони Маҷлиси намояндагон якдилона шартномаро ба тасвиб расонданд.