Маркази тестӣ довталабони имтиёздор ва ҳадди аксари балҳоро муайян кард
Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон балҳои мукофотӣ барои ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дорандагони аттестати аълоро муайян кард. Ҳамчунин ин Марказ гуруҳҳои дигари имтиёздор ва мувофиқати имтиёзи онҳоро ба ихтисосҳо мушаххас намуда, ҳадди аксари балҳоро дар ихтисосҳои имтиҳоноти дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ва миёнаи касбии кишвар барои ҳар як ихтисос дақиқ намудааст.
Тибқи иттилои Ситорабону Назарова, сухангуйи ин ниҳод дар имтиҳоноти қисми Б довталабон метавонанд вобаста ба ихтисосҳои интихобкардашон аз ҳамаи субтестҳо, мутаносибан то 50, 100 ва 150 бал ба даст биоваранд.
“Масалан, дар ихтисоси ҳуқуқшиносӣ довталабон имкон доранд дар субтетсти 1 то 100 бал, субтетсти 2 то 150 бал ва дар субтести 3 то 50 бал ва дар ихтисоси молия ва қарз 150, 50 ва 100 бал ба даст биоваранд”.
Маркази тестӣ дар маҷмуъ шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳоро барои 575 ихтисос мушаххас кардааст.
Ҳамчунин, ба иттилои Ситорабону Назарова, Маркази тестӣ феҳристи мувофиқати ихтисосҳоро бо фанҳои олимпиадаҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, аттестати аъло (равияҳои табиию риёзӣ ва ҷамъиятӣ гуманитарӣ), довталабоне, ки мактабро бо медали тиллою нуқра хатм кардаанд, мушаххас кардааст.
Бар асоси ин феҳристи Маркази миллии тестӣ аз ҳама бештар ғолибони олимпиадаҳои математика имкон доранд дар ихтисосҳои гуногун соҳиби имтиёз шаванд.
Маркази миллии тестӣ мегӯяд, ғолибони олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки соҳиби медали ҷойи якум ва тавсияномаи Вазорати маориф ва илм гардидаанд, 100 бал мегиранд. Ғолибони ҷойҳои 2 ва 3 низ мутаносибан соҳиби 75 ва 50 бал мегарданд. Шарти соҳиб шудани имтиёз фақат ин будааст, ки олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмилалие, ки довталабон дар онҳо ғолиб шудаанд ва ё дастовард доранд, бояд дар соли имтиҳонӣ баргузор шуда бошад. Яъне дастовардҳои довталабон танҳо дар сурате ба инобат гирифта мешаванд, ки онҳоро дар давоми соли таҳсиле, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро месупоранд, соҳиб шуда бошанд. Агар довталаб ҳамзамон ба якчанд гурӯҳи имтиёздор дохил шавад, яъне барои гирифтани чанд имтиёз ҳақ дошта бошад, ба ӯ балли имтиёзии баландтарини муқарраршуда дода мешавад”.
Соҳибони аттестати аълои равияи табиию риёзӣ ва хатмкунандагони дорои медалҳои тилло ва нуқра имкон доранд, ки дар тамоми ихтисосҳои гуруҳҳо (кластерҳо)-и 1 (табиӣ ва техникӣ), 2 “иқтисод ва география”, 5 (тиб, биология ва варзиш) ва ихтисоси “Графикаи дастгоҳӣ”- и гуруҳи ихтисосҳои 3 соҳиби имтиёз гарданд.
Хатмкунандагоне, ки аттестати аъло равияи ҷамъиятиву гуманитарӣ ва медали нуқраю тилло доранд, дар тамоми ихтисосҳои гуруҳи ихтисосҳои 3 (филология, педагогика ва санъат) ва 4 (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) аз имтиёз бархурдор мешаванд.
Довталабони риштаҳои варзиш ва санъат, ки дар ин соҳаҳо дастовардҳои муайянро соҳиб шудаанд низ имкон дорад соҳиби имтиёз гарданд.
Маркази тестӣ маъюбони гуруҳи 1 ва 2 (агар хулосаи комиссияи тиббӣ таҳсили онҳоро раво дониста бошад), ятимони кулли то синни 21-соларо низ аз ҷумлаи имтиёздорон хондааст.
Ин ниҳод мегуяд, ки имтиёз ба довталабон пас аз пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар ҳолати гирифтани холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои дахлдор, ки онҳоро ҳар сол Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, дода мешавад.