Фёдор Емеляненко сафараш ба Хуҷандро тасдиқ кард
Фёдор Емеляненко, президенти Иттиҳодияи якҳарбаи омехта, сафари худро ба шаҳри Хуҷанд тасдиқ кардааст. Ӯ дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ин навъи варзиш ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок мекунад.
Фёдор тавассути як навор алоқамандони ин навъи варзишро барои иштирок дар мусобиқаи мазкур, ки рӯзҳои 22-25-уми май дар қасри варзишии “20 солагии истиқлолият” баргузор мешавад, даъват кардааст.
Ба ҳайати дастаи мунтахбаи Тоҷикистон -- Артур Одилбеков, Маҳмадулло Искандаров, Муборакшо Муборакшоев ва Азим Гулобов шомиланд.
Ба навиштаи сомонаи mixfight.ru, дар ин мусобиқа варзишгарони кишварҳои Қазоқистон, Корея, Узбакистон, Кирғизистон, Русия, Озарбойҷон ва Эрон ширкат хоҳанд кард.