Наздикони кӯчарӯб аз прокурор Холиқзода ҷуброн мехоҳанд
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба баррасии шикояти наздикони Зеварбону Пирова, як кӯчарӯби ҳалокшуда дар пайи садамаи собиқ ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, барои рӯёнидани ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ шурӯъ кардааст.
Наздикони марҳум имрӯз, 20 май ба “Озодагон” гуфтанд, бештар аз як ҳафта аст, ки мурофиаи додгоҳӣ оғоз шудааст: “Мо ҳудуди 300 ҳазор сомонӣ ҷуброн талаб дорем”.
Наздикони Зеварбону мегӯянд, қарор аст, мурофиаи навбатӣ панҷшанбеи 21 май дар Додгоҳи Шоҳмансур идома пайдо кунад.
Зеварбону Пироваи 53-соларо, ки ба ҳайси кӯчаруб фаъолият дошт, субҳи 28 сентябри соли 2014 ҳангоми тамиз кардани роҳи назди меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, як “Мерседес” бо суръати баланд пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад. Ҳамкорони Зеварбону, ки шоҳиди ҳодиса буданд, он вақт ба "Озодагон" гуфтанд, қазия соати 4:30 дақиқа рух дод: “Мошин баъди он ки Зеварро пахш кард, ҳатто суръатро паст накарда ҳамчунон ба роҳаш идома дод. Вақте ду ҳамкори дигарамон ин ҳодисаро диданд, аз тарс аз ҳуш рафтанд. Онҳоро ба Қарияи Боло бурданд”. Наздикони Зеварбону ба “Озодагон” гуфтанд, суръати мошин ба ҳадде баланд будааст, ки ҷасади марҳумро ба қисмҳо ҷудо кардааст.
Баъдан гуфта шуд, сари фармони сабукрав Фирӯз Холиқзода, ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва писари Кароматуллоҳ Холиқов, собиқ декани факултети ҳуқуқшиносӣ қарор доштааст. 3 ноябри соли 2014 Додгоҳи ноҳияи Сино бар пояи қонуни афв Холиқзодаро аз ҷавобгарӣ озод кард. 9 декабри ҳамон сол, Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ аз қарори афви ӯро бетағйир гузошт.
Фахриддин Додометов, додраси додгоҳи Душанбе он вақт гуфт, наздикони кӯчарӯби марҳум ҳаққи талаби ҷуброни зарари моддию маънавиро доранд.