Ҳавасмандии Аслов барои ҷалби сармояҳои олмонӣ
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Райнер Линднер, мудири кулли Кумитаи шарқии иқтисодиёти Олмон, ки дар доираи як сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ, ин вохурӣ зуҳри 19 май баргузор шудааст. Дар мулоқот дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди масъалаҳои иқтисодии ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Олмон табодули назар сурат гирифтааст.
Инчунин ҷонибҳо дар робита ба ҷалби сармояи олмонӣ барои рушди иқтидори мавҷудаи иқтисодӣ ва энергетикии Тоҷикистон изҳори таваҷҷуҳ карда, аз ҳавасмандии тарафайн дар ин бора хабар додаанд.
Райнер Линднер рӯзи 18 майи соли равон вориди шаҳри Душанбе шуда, ӯ дар Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Олмон ҳайати соҳибкорони кишварашро раҳбарӣ мекард. Ин анҷуман рӯз 18 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.