“Суханҳои ҳикматомӯзи Президент Эмомалӣ Раҳмон..." ба нашр расид
Бунёди забон китоби наверо таҳти унвони “Суханҳои ҳикматомӯзи Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон” ба нашр расонидааст.
Ин китоб иборат аз 116 саҳифа буда, дар он суханҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи забон гирдоварӣ шудаанд.
Мурратиби ин китоб Зафар Сайидзода, мушовири калони бахши ёрдамчиёни раисҷумҳури Тоҷикистон ба шумор рафта, пешгуфтори он низ ба қалами ӯ нисбат дода шудааст.
Ҷаноби Сайидзода гуфтааст, дар ин китоб “ҳикматомӯз, роҳнамоиҳои хирадмандона ва фармудаҳои дилсӯзонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи омӯхтан, гиромӣ доштан, ҳифзу ҳиросат намудани забони тоҷикӣ ва афзудан ба қудрату тавоноии он”-ро ҷамъоварӣ намуда, бовар дорад, ки “Суханҳои ҳикматомӯзи Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон” ба тамоми тоҷикистониён-барои имрӯзу оянда-ҳамчун дастури раҳнамо хидмат хоҳад кард.