Ширкати писари Асадулло Ғуломов сарпарастии “Вахш”-ро бар уҳда гирифт
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр”-и Акбар Ғуломов, писари Асадулло Ғуломов, собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон сарпарастии тими футболи “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро бар зима гирифтааст. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Исроил Шарифов, раиси клуби “Вахш” гуфтааст, аз дастгирӣ ва кӯмаки ширкати “Ғаюр” ва сарвари он -- Акбар Ғуломов миннатдор аст: “Бовар дорам, ки ҳамкории “Вахш” бо ширкати “Ғаюр” ба тими мо имкон медиҳад, дар мавсими имсола ба натиҷаҳои нисбатан беҳтар ноил шавад”.
Бошгоҳи футболи “Вахш”, ки дар гузашта солҳои 1997, 2005 ва 2009 қаҳрамони футболи Тоҷикистон гардидааст, дар чанд соли ахир ба мушкили молӣ рӯбарӯ аст.