Фармондеҳи барканоршудаи пойгоҳи 201 миллионер шудааст
Генерал Евгений Тубол, ки ҳафтаи гузашта аз мақоми фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон барканор шуд, соли гузашта 13 миллиону 136 ҳазор рубл даромад гирифтааст.
Евгений Тубол, ки моҳи октябри соли 2013 бо фармони раисиҷумҳури Русия фармондеҳи пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон ва аз моҳи равон ноиби фармондеҳи қушунҳои Самара таъин шудааст, аз рӯи ҳаҷми даромад миёни низомиёни Русия дар ҷои дуюм қарор дорад.
Вазорати мудофиаи Русия эъломияи амволи кормандонашро нашр кардааст, ки тибқи он Тубол дар соли 2014 дар баробари 13,136 миллион рубл даромад инчунин ду хонаро ба қайд гирифтааст. Ҷои якумро дар рӯйхати низомиёни сердаромади Русия муовини вазири мудофиа генерал-майор Юрий Садовенко ба қайд гирифтааст, ки 13,4 миллион рубл даромад доштааст.
Генерал полковник Александр Галкин, фармондеҳи қушунҳои ҳавзаи ҷанубии Русия бо 12,336 миллион рубл дар мақоми сеюм қарор гирифтааст.
Евгений Тубол, ки ҳафтаи гузашта аз мақоми фармондеҳи пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон барканор шуд, дар ҳоле миллионҳо рубл даромад гирифтааст, ки кормандони тоҷикистонии ин пойгоҳ дар аҳди фармондеҳии ӯ ба мушкили гирифтани маош рӯбарӯ буданд.
Дар пайи барканории Тубол полковник Денис Лямин фармондеҳи нави пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистон таъин шудааст.
Пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия калонтарин воҳиди хушкигарди ин кишвар дар хориҷи он буда, беш аз 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад.