Оқохони IV гуфт, нақшаи боздид аз Тоҷикистонро дорад
Шоҳзода Шоҳкарим ал Ҳусайнӣ, Оқохони IV, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон аз нақшаи худ барои боздид аз Тоҷикистон хабар додааст.
Оқохони IV дар паёми табрикияш ба Темур Сариев, сарвазири навтаъини Қирғизистон гуфтааст, ният дорад, аз Осиёи Марказӣ боздид кунад ва бо рафти сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон, Нарини Қирғизистон ва Текелии Қазоқистон аз наздик шинос шавад.
Ин дар ҳолест, сафари Оқохони IV ба Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта дар назар буд, вале ба далели анҷом наёфтани баъзе корҳои бунёдкорию тарҳрезиҳо ба таъхир гузошта шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи таъхири ин сафар изҳор дошт, ки Оқохони IV баъди моҳи майи соли 2015 дар ҳар вақти барояш мувофиқ метавонад аз Тоҷикистон боздид кунад.
Қаблан манобеи “Озодагон” иттилоъ дода буданд, ки худи раисиҷумҳури Тоҷикистон низ моҳи июни соли 2015 аз Бадахшон дидан хоҳад кард ва зимни сафараш дар сохтмони неругоҳи барқи обии “Себзор” ва бинои театри вилоятӣ санги аввал мегузорад. “Инчунин бо иштироки президент дар Хоруғ кохи варзишии пӯшида барои 1700 ҷойи нишаст, бинои хонаи истиқоматии 9-ошёна, корхонаи истеҳсоли ғалла бо иқтидори 60 тонна дар як шабонарӯз дар ноҳияи Шуғнон, сехи дӯзандагӣ барои 150 ҷойи корӣ, хатти обгузари Боғев - Хоруғ, пули мошингузари Сурхсангов ва дигар иншооти муҳими хоҷагии халқи вилоят мавриди истифода қарор мегиранд”-афзуда буд манбаъ.