Муҳокимаи 19 пулис дар робита ба қатли Фархунда
Масъулони маҳкамаи ибтидоии Кобул гуфтаанд, имрӯз, 19-уми май муҳокимаи ошкорои 19 пулис дар робита ба қатли Фархунда, ки аз қабл ба таъхир афтода буд, баргузор мегардад.
Сафиуллоҳ Муҷаддадӣ, раиси маҳкамаи ибтидоии Кобул гуфтааст, ки “муҳокимаи 19 пулис рӯзи сешанбе баргузор мешавад ва ба интизори мардум нуқтаи поён гузошта мешавад”.
“Хушбахтона имрӯз баррасиҳои ҳайати қазоӣ дар ҳолати комил аст. Умедворем, ки соати 10-и қабл аз зуҳр дар толори умумии раёсати истинофии Кобул ҷаласаи 19 нафар пулис ба иттиҳоми қатли Фархунда доир шавад”-афзудааст Муҷаддадӣ.
Дар қазияи қатли Фархунда 49 тан ба шумули 19 пулис муттаҳам шинохта шуда буданд, ки наздик ба як моҳ қабл 30 тан аз муттаҳамони мулкӣ муҳокима шуданд.
Бар асоси қарори муҳокимаи қаблӣ, бар иловаи 4 нафаре, ки ба эъдом маҳкум гардиданд, ҳашт нафари дигар барои 16 сол равонаи зиндон шуданд.