10 ҳазор ҷаримаи муҳоҷири тоҷик барои корти сохта
Додгоҳе дар шаҳри Читаи Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои истифодаи корти қалбакии муҳоҷират 10 ҳазор рубли русӣ ҷарима кардааст.
Ба иттилои масъули ин додгоҳ, Д.Ниезов, муҳоҷири кории тоҷик дар нақзи қонуни Русия дар бораи низоми вуруд ва хуруҷ аз ин кишвар айбдор эълон шудааст.
Манбаъ мегӯяд, Ниёзов моҳи июни соли 2013 баъд аз анҷоми муҳлати будубоши қонунияш дар қаламрави Русия ин кишварро ба муҳлати 90 рӯз тарк накарда, бо пешниҳоди маблағи муайян дубора соҳиби корти муҳоҷират шудааст: “Барои ӯ бар ивази маблағ аз сӯи шахси номаълум дар асоси муҳрҳои вуруду хуруҷи қаламрави Русия корти муҳоҷират дода шудааст, ки дар рафти таҳқиқ сохта будани он ифшо гардидааст”.
Масъулини додгоҳ гуфтаанд, бо назардошти он ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар рафти мурофиа ба айби худ иқрор карда, соҳиби панҷ фарзан дар Ватан мебошаду дар гузашта доғи судӣ надорад, ба маблағи 10 ҳазор рубл ҷарима шуд.