Ҷанҷол бо ҳамсоя. Як фарзияи худкушии Партовбӣ Бороноваи 26-сола
Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон мегӯяд, дар робита ба қазияи худсӯзии як сокини 26-солаи ин шаҳр чанд фарзия мавриди баррасӣ аст.
Як масъули ин ниҳод дар суҳбати телефонӣ имрӯз, 19 май ба “Озодагон” гуфт, яке аз фарзияҳо худсӯзии Партовбӣ Боронова ҷанҷол бо ҳамсояаш мебошад: “Фарзияҳои дигар ҳам ҳастанд, ки ҳоло аз ҷониби муфаттишон таҳқиқ мешаванд”.
Партовбӣ Бороноваи 26-сола рӯзи 16 май бо истифода аз бензин худро назди ду фарзанди ноболиғаш оташ зада, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Наздиконаш далели худкушии ӯро шароити бади зиндагӣ ва қарздорияш гуфтаанд. Розиямо Боронова, модари Партовбӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, духтараш қабл аз худкушӣ мактубе навиштааст: “Милисаҳо ин мактубро бо худ гирифтаанд, вале ман онро хондам, ки навиштааст, "модарҷон ман қарздорам, қарзҳоямро диҳед ва духтаронамро хуб нигоҳ кунед", дигар чизе намедонам, ки барои чӣ худашро кушт”.
Гуфта мешавад, Партовбӣ дар хонаи давлатӣ зиндагӣ карда ва аз бисёр хизматрасониҳо қарздор будааст. Ба қавли наздикони ин хонум, ӯ 7 сол қабл бо як марди рустабор -- Владислав Жучков, ки мусалмон шудааст, издивоҷ намуд. Жучков баъди таваллуди духтари дуввумаш ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад ва ҳамин тавр беному нишон мегардад. Фарзандони Партовбӣ яке 7 ва дигарӣ 5 сол доранд.