Фирӯз Ёқубов дар Испания медали тилоро ба гардан овехт
Фирӯз Ёқубов, варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод соҳиби мақоми аввал шудааст. Дар ин бора ба “Озодагон” Наврӯз Қурбонов, як масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дода афзуд, Ёқубов дар рақобатҳо дар вазни 96 кило ба дарёфти нишони тило мушарраф гардид.
Ин сабқат аз 15 то 17 майи соли равон аз рӯи дараҷаи “Класс-А” сурат гирифта, варзишгарони Аврупову Осиё миёни ҳам қувва озмудаанд: “Дар ин мусобиқа варзишгари дигари тоҷик -- Анушервон Умаров дар вазни 120 кг ҷойи дуввумро соҳиб гардид”.