Тасмими раис боиси ҷанҷоли ду деҳа ва ҷароҳати милисаҳо шуд
Санади қабулкардаи раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ дар бораи ба истифодаи деҳаи Палдорак додани чарогоҳи рустои Деҳманора боиси задухӯрди оммавии сокинони ду деҳа шудааст.
Шералӣ Қурбонов, сокини деҳаи Деҳманора, имрӯз, 18-уми май ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки тасмими раиси ноҳия ва раиси ҷамоат дар бораи додани чарогоҳ ба деҳаи Палдорак рӯзи истироҳатии 9-уми май қабул шудааст: “Дар асоси ин санад сокинони деҳаи Палдорак чорвояшонро 15-уми май ба чарогоҳ оварданд, аммо сокинони деҳаи Деҳманора зид баромаданд. Вақте сокинони деҳаи Деҳманора монеи чарондани чорво шуданд, ҳудуди 200 сокини Палдорак омада, бо сокинони Деҳманора задухӯрд кардаанд. Дар натиҷаи ин задухӯрд ду корманди милиса ҷароҳати сабук бардоштааст”.
Ба гуфтаи мусоҳиби “Озодагон”, сокинони деҳаи Палдорак иддао доранд, чарогоҳе, ки раис ба онҳо додааст, дар гузашта макони зисти аҷдодҳояшон будааст ва 200-300 соли пеш бобоҳояшон дар ин минтақа зиндагӣ кардаанд.
Манбаъ афзуд, феълан масъулини вилоят ба ҳалли ман қазия машғуланд.