Нигаронии Убайдуллоев аз таъхиркорӣ дар сохтмони 13 иншооти баландошёна
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, аз ин ба баъд лоиҳаи бунёди биноҳои истиқоматии баландошёнаеро дар пойтахти Тоҷикистон барои баррасӣ қабул мекунад, ки дар он муассисаҳои томактабии кӯдакона пешбинӣ шуда бошад.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, ин тасмим дар ҷаласаи кории рӯзи 18 майи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе гирифта шудааст. Манбаъ мегӯяд, “Убайдуллоев ба масъулини соҳаи сохтмон ва меъмории шаҳр дастур дод, ки шурӯъ аз 1 июни соли ҷорӣ дилхоҳ ташаббусҳои сохтмонии шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар самти бунёди биноҳои истиқоматии бисёрошёна танҳо бо пешбинии ҷойгир кардани чунин марказҳо барои кӯдакон дар лоиҳаи иншоот баррасӣ карда мешавад”.
Ин дастури Убайдуллоев дар ҳолест, ки ба қавли масъулини дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, масоили вазъи мавҷудаи 119 муассисаҳои томактабии пойтахт дар ҷаласаи кории рӯзи 18 май баррасӣ шуда, таъкид гардидааст, бо вуҷуди “ташкили катҳои дуошёна дар ин муассисаҳо мушкилоти аз рӯи талабот фароҳам овардани шароит барои инкишофу тарбияи кӯдакони синни томактабӣ таври дилхоҳ ҳал нагардидааст”.
Дар ҷаласаи Убайдуллоев аз таъхиркорӣ дар сохтмони 13 иншооти баландошёна нигаронӣ шуда, барои пурзӯр кардани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлатҳои таъиншуда мавриди истифода қарор додани ҳар кадоме аз онҳо, фаъолияти фармоишгаронашон дар дигар иншооти зертавозун муваққатан аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе манъ шуда, назорати он бар уҳдаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор шудааст.