Тибқи иттилои манбаъ, дар ВМКБ- 7.712 ҷой, вилояти Хатлон – 40.431, Суғд – 31.812, шаҳри Душанбе – 16.500, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 18.273 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст. Ҳамчуин манбаъ қайд кард, ки вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёт дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи сохтмон – 20.189, саноат – 6.930, кишоварзӣ -31.179, нақлиёт ва алоқа – 2.395, савдо, хӯроки умумӣ, таъминоти моддию техникӣ -32.347, дигар соҳаҳо – 16.335 ва соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ 5.353 ҷойҳои корӣ таъсис ёфтаанд. Таҳлили раванди таъсиси ҷойҳои корӣ вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёт нишон медиҳад, ки теъдоди аксари ҷойҳои корӣ ба соҳаи кишоварзӣ (27,2%) ва савдо, хӯроки умумию таъминоти техникӣ (28,2%) рост меояд.
Тавре аз рақамҳо бармеояд, зиёда аз 50 фоизи ҷойҳои кории навтаъсис ба сектори хусусӣ тааллуқ доранд, ки ин ҳолат аз рушди соҳибкории хурду миёна дар ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}