Шикояти Зоиров ба СММ аз қарори Додгоҳи олӣ алайҳи Қудратов
Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси зиндонии тоҷик аз қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон нисбати зерҳимояаш ба Созмони миллали муттаҳид шикоят мебарад.
Раҳматилло Зоиров, имрӯз, 18 май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳоло ба омода кардани санадҳо машғул аст ва дар наздиктарин фурсат шикояти худро ба Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ мерасонад. Номбурда иброз дошт, дар шикояти худ аз СММ талаб мекунад, то кадом андоза дуруст татбиқ шудани ҳукм нисбати зерҳимояаш ва будан ва ё набудани таркиби ҷиноят дар амалҳои ӯро баррасӣ намояд: “Аз қарори Додгоҳи олӣ рӯзҳои наздик ба се ҷо шикоят хоҳем бурд: Як шикояти назоратӣ аз ҳукми Додгоҳи олӣ ба худи ин ниҳод, як шикоят ба Омбудсмен ва як шикоят ба Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ”.
Аввалҳои моҳи марти соли равон Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми зиндони Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷикро аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ лағв карда, ӯро аз рӯи ин модда 87 ҳазору 600 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима баст. Он замон Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Қудратов ба “Озодагон” иттилоъ дода буд, ҳукм аз рӯи моддаи 320, яъне пешниҳоди пора бетағйир гузошта шудааст: “Қаблан аз рӯи моддаи 320 Қудратов ба 6 соли зиндон маҳкум шуд. Бо назардошти беш аз 7 моҳи боздошту татбиқи қонуни афв айни ҳол 3 солу 8 моҳи дигари зиндон мондааст”.
Ин дар ҳолест, ки 13 январи соли равон Тоҳирбек Мусобекзода, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе Шуҳрат Қудратовро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – 320 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) барои 9 сол равонаи зиндон кард. Мусобекзода зимни эълони ҳукм изҳор дошт, бо назардошти қонуни афв аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазои Қудратов кам шуд ва аз рӯи ҳар ду парвандаи ҷиноӣ - қаллобӣ ва фасодкорӣ дар маҷмуъ 9 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Инчунин тибқи қарори додгоҳ баъди адои ҷазо Қудратов ду сол ҳаққи фаъолияти адвокатиро нахоҳад дошт. Раисикунандаи мурофиа изҳор дошт, ин ҳукм бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла бори аввал даст ба ҷиноят задани маҳкумшуда ва фарзандони ноболиғаш содир шудааст.
Ин ҳукм вокиниши шадидеро миёни ҳомиёни ҳуқуқи башар ба вуҷуд оварда, созмонҳои байналмилалӣ онро сиёсӣ ва нақши ҳукумати иҷроияро дар он калидӣ хонданд.