Худкушии хонандаи синфи 9 дар Истаравшан
Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон боз як ҳодисаи дигари даст ба худкушӣ задани духтари ноболиғ ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хонандаи синфи 9-уми яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Истаравшан бо роҳи худовезӣ бо зиндагӣ падруд гуфтааст: “Ҷасади духтари ноболиғро санаи 14-уми май наздиконаш аз манзили истиқоматиашон пайдо кардаанд. Айни замон мақомоти дахлдори Истаравшан омили даст ба худкушӣ задани ин ноболиғро муайян мекунанд".
Тибқи иттилои расмӣ аз аввали сол дар шимоли Тоҷикистон беш аз 20 нафар бо роҳи худовезӣ даст ба худкушӣ задаанд.