Барномаи нави ҳамкорӣ бо Бонки Чин: Маблағҳо афзун мешаванд (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 18-уми май дар мулоқот бо Сиаою Жао, ноиби президенти Бонки давлатии рушди Чин масоили густариши ҳамкорӣ бо ниҳоди бонуфузи молиявиро баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамкорӣ бо ин бонк, асосан аз соли 2009 дар чаҳорчӯби муносиботи дуҷониба ва ҳам дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай оғоз ёфтааст: “Тайи ин солҳо санадҳои зиёд барои ҷудо намудани қариб 100 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, асосан барои дастгирии бахши хусусӣ ва соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон ба имзо расидааст”.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин барои дастгириҳои пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори бовар намуд, ки минбаъд ҳамкории дуҷониба боз ҳам густариш хоҳад ёфт: “Дар ин робита атрофи лоиҳаи барномаи нави ҳамкории Тоҷикистону Бонки давлатии рушди Чин, ки дар ҳоли таҳияшавӣ қарор дорад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Чунонки зикр гардид, бо қабул шудани ин барнома ҷанбаҳо ва ҳаҷми маблағҳои барои густариши ҳамкорӣ пешбинишаванда хеле афзун хоҳад шуд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур илова намуд, ки имконоти Бонки давлатии рушди Чин хеле фарох аст, зеро он ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон беш аз 300 миллиард доллари амрикоӣ қарз ҷудо намудааст.