“Кортеж”-и тӯёна аз Душанбе то Варзоб: Касе пеши роҳашро гирифтан натавонист
Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо пахши як гузориш аз “рейд”-и Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, “кортеж” ё худ қатори мошинҳои тӯёнаеро нишон дод, ки ҳудуди 15 мошини гаронарзишро дар бар мегирифт.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи масъулини Кумитаи дин, қатори мошинҳо дар тӯй набояд зиёда аз 4 адад бошад, дар “кортеж”-и тӯёнае, ки зимни “рейд” ба навор гирифта шудааст, ҳудуди 15 мошин бо нақзи тамоми қоидаҳои роҳ ҳаракат мекарданд. Ба иттилои гузоришгарон, дар чунин ҳолатҳо манъ ва боздошти қатори тӯёна вазифаи масъулини БДА-ю ВКД аст ва ду нозири роҳро нишон доданд, ки дар масири ҳаракати ин “кортеж” қарор доштанду ронандаҳо дар пеши чашмашон қоидаҳои ҳаракатро вайрон менамуданд. Дар назди дастгоҳи наворбардорӣ, яке аз ин нозирон гуфт, дар ҷое ки ӯ истодааст, ҳаққи манъ кардани мошинҳоро надорад. Нозири дигаре, ки дар масири ҳаракати “кортеж” қарор дошт, ба гузоришгарон гуфт, талош намуд онҳоро манъ кунад, аммо якбора се мошин ба тарафаш ҳаракат кардаанд ва натавонист мошинҳоро боздорад.
Тибқи ин навор қатори мошинҳои гаронарзиш аз Душанбе ба тарафи Варзоб ҳаракат намуда, вориди яке аз истироҳатгоҳҳо шуданд. Масъулини Кумитаи дин таъкид намуданд, дастандаркорони ин қонуншиканиро муайян кардаанд ва феълан барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо чора андешида истодаанд.
Аммо дар ин гузориш аз номи тӯйдор ва ронандаҳое, ки дар баробари қонуншиканиҳояшон ба масъулин итоат накарда, бо дастафшонӣ ҳаракаташонро давом медоданд, зикр нашудааст.