Ҳалокати хоҳарон Маряму Хайриниссо дар чарогоҳи Рӯдакӣ (АКС)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, 17-уми май дар пайи фаромадани сел дар ноҳияи Рӯдакаӣ, шаҳрвандон Абдуллоеваҳо-Марям ва Хайриниссо ба ҳалокат расидаанд.
Тавре Наргис Нурова, масъули дафтари матбуоти ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ дод, рӯзи 17-уми май, тақрибан соати 15:20 дақиқа, Абдуллоева Марям, соли таваллудаш 1997 ва Абдуллоева Хайрнисоо, соли таваллудаш 1999, ки ба чарондани чорво машғул будаанд, зери сел монда, ба ҳалокат расидаанд: “Ҷасади Абдуллоеваҳо тақрибан соати 16:37 дақиқа аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Қаракамарии ҷамоати Чоргултеппа дарёфт ва ба наздикон супорида шуд”.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манбаъ дар ноҳияи Ашт ва Истаравшан низ фаромадани сел ба қайд гирифта шудааст, ки ҳудуди 10 мошин ва 1 километр роҳро хароб кардаанд, аммо талафоти ҷонӣ дар пай надоштаанд.
Аксҳо аз омадани сел дар шаҳри Истаравшан