Боздошти мансабдори Кумитаи андоз дар Душанбе
Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон як мансабдори Кумитаи андозро дар Душанбе боздошт намудааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” боздоштшуда раиси нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошад, ки ҳамроҳ бо ду корманди зертобеяш рӯзи 15-уми май дастгир гардидааст.
Дар Оҷонсии мубориза бо фасод ин хабарро тасдиқ карда, аз ифшои ҷузъиёти он худдорӣ намуданд.
Тафсилоти бештар нашр мешавад