Фоҷеа дар роҳи Душанбе-Хоруғ: Ҳалокати ду низомӣ ва...
Дар пайи сарозер шудани як мусофирбари тамғаи “Ниссан” ба дарёи Панҷ, ки тақрибан соати 4-и шаби 15 ба 16-и май рух дод, 4 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки ду нафарашон низомӣ будаанд.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” бародарон Худойбердӣ ва Саидқадам Худойбердиевҳо ҳамроҳ бо ҷиянашон Нилуфар Имомназарова барои азодории модарашон-Гулхотун, ки субҳи 15-уми май даргузашт, ба деҳаи Емси ноҳияи Рӯшон раҳсипор будаанд: “Аз мошин, ки дар маҳаллаи “Ҷорф”-и ноҳияи Дарвоз аз миёни дарё пайдо шуд, танҳо ҷасади Нилуфари 23-сола дарёфт гардид, ки имсол бояд Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм мекард. Ҷасади Нулифар 17-уми май дар зодгоҳаш деҳаи Сипонҷи водии Бартанг ба хок супорида шудааст. Кофтукоби ҷасади Саидқадами 55-сола, бародараш Худойбердии 43-сола ва ронанда-Алидоди 28-сола идома дорад”.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манобеи “Озодагон” Саидқадами 55-сола, афсари калони хидмати тиббӣ ва ронанда-Алидод низ ба ҳайси афсар хидмат мекардаанд ва Худойбердӣ Худойбердиев аз муҳоҷират аз Русия барои гусели модараш ба роҳи охират баргаштааст.