Нигаронии СММ аз ҳукми эъдоми Мурсӣ ва пайравонаш дар Миср
Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз эълони ҳукми эъдом алайҳи Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури пешини Мисру беш аз 100 ҷонибдораш шадидан ибрози нигаронӣ кардааст.
Дабири кулли СММ гуфтааст, эълони чунин ҳукм метавонад, боиси нооромӣ ва бесуботии Миср шавад. Пан Ги Мун аз мақомоти Миср хостааст, ба ин гуна иқдомҳои худ, ки сабаби заъфи ҳокимияти қонун, сулҳ ва субот дар кишварашон мешавад, хотима бахшанд.
Додгоҳи ҷиноии шаҳри Қоҳира рӯзи 16 майи соли равон бо қабули як қарор Муҳаммад Мурсӣ ва беш аз 100 ҷонибдорашро ба эъдом маҳкум кард. Бар асоси ин қарори додгоҳ, Мурсӣ ва ҷонибдоронаш дар созмондиҳии ҳамлае ба яке аз зиндонҳои Миср дар соли 2011 айбдор дониста мешаванд.
Нигаронии дабири кулли СММ аз ҳукми эъдом алайҳи Мурсӣ дар ҳолест, ки аз ин пеш Кохи сафед низ аз судури чунин ҳукме дар Миср шадидан нигаронӣ карданд.
Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия, ки яке аз аввалинҳо шуда, ин ҳукмро маҳкум ва зидди қавонини байналмилалу башарӣ хонд, гуфт, барои Мурсӣ замоне ҳукми эъдом содир шудааст, ки ӯ нахустин раисҷумҳури Миср мебошад, ки дар пайи интихоботи шаффофу демократӣ бо касби беш аз 50 дарсади раъйи мардуми кишвараш президент эълон шудааст. Ӯ таъкид кард, ки Миср дар ҳоли бозгашт ба давраҳои Мисри қадим аст: “Мутаассифона, Ғарб ҳоло ба ин қазия ва иқдоми Абдулфаттоҳ Сисӣ, табаддулотгар чашм пӯшидааст. Ҳукми эъдом дар Ғарб бекор шудааст, вале онҳо ба содир шудани ин гуна ҳукмҳо дар Миср вокуниш нишон намедиҳанд”.
Бар асоси ин қарори Додгоҳи ҷиноии Қоҳира, Юсуф Қарзовӣ, донишманди маъруф ва раҳбари Иттиҳоди ҷаҳонии донишмандони исломӣ низ ба эъдом маҳкум шудааст. Ҳоло ин қарори додгоҳ барои таъйид ба муфтии Миср пешниҳод шудааст, ки ҳукми ниҳоии рӯзи 2 июни соли равон эълон хоҳад шуд.
Муҳаммад Мурсӣ, ки баъд аз ҳукумати 32-солаи Ҳуснӣ Муборак дар пайи интихоботи мардумӣ ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар нишаст, аз мақомаш бо дастури артиши ин кишвар барканор шуд. Мақомоти қудратии Миср баъд аз барканории Мурсӣ, ӯро боздошт ва алайҳаш чандин парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд.