баргард
чоп кардан
Нақлиёти ҷамъиятӣ ба ислоҳ ниёз дорад ё либоси ронандаву кондуктор?
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дастур додааст, барои ба танзим даровардани нақлиёти ҷамъиятӣ либоси ягонаи ронанда ва кондуктор роҳандозӣ шавад.
Ҷамила ҲУСЕЙНОВА, узви Комиссияи доимамалкунандаи ҷамъиятии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе
Имрӯз шаҳрдорӣ таваҷҷуҳро бештар ба ислоҳоти соҳаи нақлиёти мусофиркаши пойтахт мекард, хубтар мешуд. Корхонаҳои коммуналии пойтахт дар ҳолати ногувор карор доранд, теъдоди зиёди автобусу троллейбусҳои куҳна солҳои тӯлонӣ зери офтобу борон хобанд, на ҳамаи ҷамъиятҳои нақлиётии хусусӣ, ки имрӯз фаъолият доранд, дорои автобазаи махсусгардонидашуда мебошанд. Раиси шаҳр чанд сол пеш дар мавриди либоси ронандаву кондуктор қароре ба тасвиб расонида буд, ки ронандаҳо бояд курати кабуд пӯшанду кондукторҳо камзулаи сурх ва ҳама бояд бейджикҳо дошта бошанд.
Шарифҷон ТОҶИБОЕВ, устоди донишгоҳ
Нақлиёти ҷамъиятӣ бештар бояд ба танзим дароварда шавад, на либосу кондуктор. Баъдан, он кондуктор ҳам бояд аз муносибат бо мусофирон огоҳ бошад, забони давлатиро хуб донад, эҳтироми мусофиронро ба ҷо орад!
Шервони УМРИДДИН, сокини шаҳри Душанбе
Ба танзим даровардани либоси ронанда ё кондуктор шояд зарурати дувумдараҷа бошад. Шаҳдори Душанбе то сару либоси ронандаву кондуктор ба танзим даровардан нархи роҳкиро ва худи низоми нақлиёти ҷамъиятиро ба танзим дарорад, ки мардум азоб накашанд. Ронандаҳои “худам шоҳу таъбам вазир” новобаста аз масофаи роҳ аз мусофирон 2 сомонӣ мегиранд, ки тибқи қарор бояд 80 ва ё 1 сомониву 80 дирам ҳақ ситонанд. Шумо як фикр кунед, ки хатсайри 52 аз бозори Корвон то бозори Саховат 1 сомонӣ мебиёрад, аз бозори Саховат то Қарияи боло 2 сомонӣ мебарад, аз Қария боло то маҳаллаи Меҳробод 1 сомонӣ мегирад.