Бародарон Восиевҳо зидди ҳам ба майдон мебароянд
Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон моҳи июни соли равон бо бошгоҳи футболи “Газовик”-и Русия бозии дӯстона хоҳад гузаронд.
Тибқи иттилои бошгоҳи “Истиқлол” бо дастаи “Газовик”-и Оренбург мувофиқа шудааст, ки қувваозмоӣ 21-уми июни соли равон дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Зимни ин сабқати дӯстона дар назар аст, ки бародарон Восиевҳо зидди ҳам ба майдон бароянд. Фарҳод Восиев, ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб дар ҳайати дастаи русиягии “Газовик” баромад мекунад. Ин дар ҳолест, ки бародари калонияш-Дилшод Восиев, бозигари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе мебошад.