Баррасии нақшаи зиддибуҳронӣ дар мулоқоти Э. Раҳмон бо мудирони Бонки ҷаҳонӣ (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо директорони иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ роҳҳои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсирҳои манфии берунӣ ба иқтисоди кишварро баррасӣ кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳур, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ин ҳайати Бонки ҷаҳонӣ субҳи 16 май дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар ин вохурӣ масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону ин бонк, аз ҷумла дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Инчунин масъалаи мусоидат ба коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар ба миён гузошта шудааст.
Дафтари матбуоти президент афзудааст, ки дар вохурӣӣ Эмомалӣ Раҳмон бо мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи бештар ба роҳҳои татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар ва қарорҳои Шӯрои директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба механизмҳо ва ташаббусҳои зиддибӯҳронӣ зоҳир гардидааст: “Изҳори бовар карда шуд, ки тадбирҳои муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва дигар муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ ба коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна мусоидат мекунанд”.
Ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ асосан дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт, аз ҷумла дар бахшҳои воқеии иқтисодӣ чун саноат, кишоварзӣ, беҳсозии инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ ва ғайра сурат мегирад. Ҳоло дар Тоҷикистон 21 лоиҳа бо маблағгузории гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки маблағи умумиаш 323 миллион доллари амрикоӣ мебошад ва яке аз бузургтарини онҳо лоиҳаи минтақавии бунёди хатти барқии 500-киловолтаи CASA-1000 мебошад, ки интиқоли нерӯи барқро аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон дар назар дорад ва то соли 2018 бояд фаъол гардад.