Хуросон: Зани 36-сола писари 5-соларо гаравгон гирифтааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 14-уми май як зани 36 сола аз ноҳияи Хуросон ба иттиҳоми ба гаравгон гирифтани писарчаи ноболиғ боздошт шудааст.
Тибқи иттилои пешакӣ гумонбаршуда 7-уми майи соли ҷорӣ, аз рӯи хусумати шахсӣ ба хонаи истиқоматии зани 30-сола, сокини дигари ноҳияи Хуросон рафта, писарчаи 5-солаашро ба ҳайси гаравгон гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаст: “Ҳангоми дастгир ва муайян намудани ҳолати кор зани гумонбаршуда ба кормандони милитсия муқобилият нишон додааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.