Ҳукми 22 cоли зиндон ба Изатулло барои қатли раис ва ёвараш
Додгоҳи Хабаровск Изатулло Нигматов, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро барои қатли соҳибкори маъруфи ин минтақа Владимир Фукалов ва ёвараш Дмитрий Болшаков ба 22 соли зиндон маҳкум кардааст.
Дар ин бора сомонаи расмии додгоҳи Хабаровск хабар додаааст.
Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии минтақаи Хабаровски Русия муҳоҷири 24-солаи тоҷик дар хонаи соҳибкори 53-сола, ки бо хайрхоҳияш дар минтақа маъруф будааст, кор мекардааст: “Муҳоҷири тоҷик рӯзи 4-уми апрели соли гузашта корфармояшро бо ёвараш ба қатл расондааст. Нигматов интизор шудааст, ки Фукалов аз кор баргардад ва дар гараж ба сари ӯ тир холӣ намудааст. Таппончаро аз ҷойи хоби Фукалов гирифтааст. Сипас ёвари Фукаловро, ки ба бустонсаро омадааст, парронда, ҷасадашонро бо мошин як километр дуртар бурда, оташ задааст”.
Ба иттилои манбаъ, далели даст ба ин ҷиноят задани муҳоҷири тоҷик, соати қиматбаҳои соҳибкор, миқдори муайяни ҷавоҳирот ва беш аз 500 ҳазор рубли русии ӯ будааст: “Ҳарчанд шахси муттаҳам дар аввал худро гунаҳкор намеҳисобиду ҳама иттиҳомот алайҳи худро рад мекард, вале баъд аз пешниҳоди далоили кофӣ иқрор шуд”-иттилоъ додааст Кумитаи тафтишотӣ.
Ба иттилои расонаҳои Русия дар рафти мурофиаи додгоҳӣ Нигматов аз нишондодҳояш даст кашида, таъкид намудааст, ки онро таҳти фишор додааст ва хостааст, ӯро сафед кунанд. Аммо додгоҳ ин ҷавони тоҷикистониро ба 22 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст.
Кумитаи тафтишотии минтақаи Хабаровск мегӯяд, айбдоршаванда се соли қабл аз куштор ба Русия омада, дар хонаи соҳибкори қатлшуда кор будааст.