Дэвид Лейн: 65% маблағи муҳоҷирон барои ғизо масраф мешавад
Тоҷикистон дар самти норасоии ғизо миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ мақоми аввалро ишғол мекунад. Ин нуктаро Дэвид Лейн, намояндаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар оҷонсиҳои озуқа ва кишоварзии Созмони милали муттаҳид (СММ) зимни як нишасти хабарии созмонёфтае дар Душанбе иброз дошт.
Ҷаноби Лейн дар садри як гуруҳи иборат аз хабарнигорони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сафири ИМА дар Душанбе тайи чор бо ҳадафи арзёбӣ намудани ҳамкории ташкилотҳои озуқа ва кишоварзии Амрикову СММ ҷиҳати дастгирии деҳқонон, намояндагони соҳаи тиҷорат ва ҳукумат, ки барои беҳтар намудани сатҳи амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд, аз бархе навоҳии вилояти Хатлон дидан карданд. Дар рӯзи рӯзи чоруми боздид ин ҳайат дар меҳмонхонаи “Шератон”-и пойтахт нишасти хабарие созмон дод.
Дэвид Лейн мегӯяд, сабаби қадпастӣ ва инкишофи сусти 26 дарсади кӯдакони то панҷсола дар Тоҷикистон аз ҳисоби норасоии ғизо мебошад. Ба қавли ӯ, дараҷаи пасти ғизогирии кӯдакони ин синну сол метавонад ба монеаҳои ҷиддии инкишофи ҷисмонӣ ва зеҳнӣ оварда расонад.
Намояндаи ИМА дар оҷонсиҳои озуқа ва кишоварзии СММ қадпастӣ ва инкишофи заифи кӯдакони тоҷикро ба “барвақт ҷудо кардан”-и онҳо аз аз шири модар ва гузаштан ба ширдиҳии сунъии танзимнашуда рабт дод: “Дар Тоҷикистон танҳо ҳудуди 20%-и кӯдакон дар вақти муайян ғизои солиму ҷавобгӯ ба талабот ва инкишофи организм истеъмол мекунанд”.
Бино ба иттилои Дэвид Лейн, сатҳи поини ғизонокиро дар Тоҷикистон вилояти Хатлон соҳиб аст.
Ӯ мегӯяд, 65 дарсади маблағи муҳоҷирони тоҷик танҳо барои ғизо масраф мешавад ва бо далели муҳоҷирати афзояндаи мардон 80 дарсади деҳқонон ва он онҳое, ки дар замин кор мекунанд, занон ҳастанд: “Ҳадафи аслии мо дар самти дастгирии деҳқонзанон ин аст, ки онҳо тавонанд барои баланд бардоштани истеҳсолот ва беҳтар кардани сатҳи зиндагияшон дар баробари мардон саҳмгузор бошанд”.
Ӯ дар идомаи суханронияш “надоштани технологияи лозима, донишҳои муосири кишоварзӣ ва мустақилона дастрасӣ надоштан ба бозори фурӯши маҳсулот”-ро аз мушкили асосии кишоварзони тоҷик арзёбӣ кард.