Парвандаи ҷиноӣ нисбати як тоҷик барои ифротгароӣ дар “Одноклассники”
Алайҳи як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар вилояти Рязани Русия ба сар мебарад, бо иттиҳоми барангехтани кинаву адоват дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора Раёсати тафтишотии Русия дар вилояти Рязан хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин мард аз оғози “ҷанги муқаддас”-и муҷоҳидон алайҳи кофирҳо пуштибонӣ карда, саҳифаи худро дар шабакаи иҷтимоӣ барои паҳн кардани наворҳои видеоии дорои нишонаҳои экстремистӣ истифода мекардааст: “Дар ҳоли ҳозир ҳолатҳои ин ҷиноят муайян мешавад. Тафтишоти парвандаи ҷиноӣ идома дорад”.