Гулчеҳра Исҳоқова, мудири шӯъбаи тиббии машваратии ҷавонон дар маркази касалихои пӯсту таносул мегӯяд, аз шумори 360 нафар муроҷиаткунандагон 47 ҳодисаи сироятшавии сокинон ба маризии сироятии ҷинсӣ маълум шудааст.
Бино ба гуфти хонум Исҳокова, дар шӯъбаи тиббии машваратии ҷавонон ташхис ва табобат барои муроҷиаткунандагон ва беморон ройгон буда, аз онҳо ному насаб пурсида намешавад ва танҳо тавассути рамзи махсус ба қайд гирифта мешаванд. Масъулони ин муассисаи машваратӣ сабабҳои пайдоиши ин маризӣ дар миёни сокинон ва махсусан ҷавононро ба далели набурдани тарзи ҳаёти солим дар оила, муҳоҷирати кории пайваста ба кишварҳои ғайр ва ҳам надоштани иттилои кофӣ рабт медиҳанд.
Шӯъбаи тиббии машваратии ҷавонони вилояти Суғд дар назди маркази касалиҳои пӯсту таносул аз аввали соли равон таъсис ёфта, фаъолият мекунад. Феълан, дар қаламрави вилоят, шӯъбаи тиббии машваратии ҷавонон (ШТМҶ) дар маркази саломатии репродуктивии шаҳри Исфара ва ҳам дар назди маркази саломатии рақами 5-и шаҳри Хуҷанд амал мекунад.{jathumbnail off}