Ҷонибек Муродов: Намедонам чаро дар “рӯйхати сиёҳ”-ам
Ҷонибек Муродов, хонандаи саршиноси попи тоҷикро ба рӯйхати мамнӯъулвуруди мақомоти Русия шомил кардаанд.
Ӯ дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” ин хабарро таъйид карда гуфт, беш аз як сол аст, ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро надорад ва сабабҳои ба “рӯйхати сиёҳ” ворид шудани номашро намедонад: “Мақомоти Русия далели онро шарҳ надодаанд”.
Ҷонибек мегӯяд, ӯро бештар ба маросимҳои хурсандии ҳамватанони муқими Русия даъват мекарданд ва дар санадҳояш мушкиле надошт: "Баъди он ки огоҳ шудам маро ба "рӯйхати сиёҳ" ворид карданд, ростӣ як андоза дилам монд. Аммо ба мақомоти на Русия ва на Тоҷикистон дар ин бора расман муроҷиат накардаам".
Дар мавриди мамнӯъулвурд шудани шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон, ки барои пайдо кардани кор ба Русия мераванд, хабарҳо зиёданд, аммо зоҳиран барои аввалин бор аст, ки мамнӯъулвуруд шудани як хонандаи шинохтаи Тоҷикистон расонаӣ мешавад.
Ҷонибек Муродов, фарзанди овозхони маъруф Ҷӯрабек Муродов буда, 29-уми майи соли 1988 таваллуд шудааст. Аз соли 1998 то 2005 дар гуруҳи “Боло” ва аз соли 2006 то 2007 дар гуруҳи “Вазир” ҳунарнамоӣ кардааст. Шурӯъ аз соли 2007 ба танҳоӣ овозхонӣ мекунад.
Вай ду бор ба дарёфти ҷоизаи Big Apple Music Awards, яке аз ҷоизаҳои маъруфи мусиқӣ дар Амрико шарафёб шудааст. Моҳи ноябри соли 2009 “Беҳтарин овозхони мард аз Тоҷикистон” ва соли 2011 “Беҳтарин овозхони Осиёи Миёна” шинохта шуд.
Ҳамчунин солҳои 2005, 2006 ва 2007 ҷоизадори озмуни ҷумҳуриявии “Суруди сол”, соли 2008 ғолиби озмуни “Ситораи сол” шуд. Вазорати фарҳанг ҷоизаи “Беҳтарин сарояндаи соли 2011”-ро ҳам ба Ҷонибек супурд. Ҳамчунин дар ин сол вай ҷоизаи “Беҳтарин клип”-ро соҳиб гардид.