Муаррифии раҳбари нави намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав раҳбари нави намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар Русияро муаррифӣ кардааст.
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорат ба “Озодагон” гуфт, муаррифии Зоҳир Мирзоев, ки 4 май бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин вазифа таъин шуд, дар ҷаласаи ахири сафорат сурат гирифтааст. Оқои Мирзоев дар симмати раҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Асрор Одинаевро иваз кард.
Зоҳир Мирзоев 34 сол дошта, фориғутаҳсили Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон аст. Соли 2002 ба ҳайси менеҷер дар Маркази дастгирии соҳибкорони шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз кардааст. Як муддат сармутахассиси шӯъбаи саноат ва савдои ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе буд. Аз соли 2007 то таъин шуданаш ба вазифаи раҳбари намояндагӣ дар Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ фаъолият дошт.
Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, олмонӣ ва хитоӣ суҳбат мекунад.