Масъули Кумитаи дин: Ба дастандаркоронатон гӯед, аз бӯҳтон нисбат ба Тоҷикистон даст кашанд
Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон аз Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, яке аз марҷаъҳои тақлид дар Эрон хостааст, ба умури дохилии кишвар дахолат накунад.
Ин масъули Кумитаи дин паёми Шерозиро, ки дар он аз Эмомалӣ Раҳмон хоста буд, ба мақомоти давлатӣ бигӯяд, то “мардумро ба ҳоли худ гузоранд” авомфиребона ва шитобзадагӣ хондааст. Ба гуфтаи Юсуфов, ин марҷаи тақлиди Эрон дар ҳоле ба ҳимоят аз диндорони тоҷикистонӣ садо баланд кардааст, ки дар Тоҷикистон қонуне ба тавсиб нарасидааст, ки пӯшиши мардумро аз рӯи эътиқодаш манъ карда бошад: “Тавсияи Президенти кишвар ба хотири ҳифзи арзишҳои миллии сунатии тоҷикон аст. Агар чунин қонуне бошад, аз Оятуллоҳи мӯҳтарам хоҳиш карда мешавад, ки кори хайре кунеду ба дастандаркоронатон гӯед, то онро ба мо - шаҳрвандони Тоҷикистон нишон диҳанд ва ё аз бӯҳтон задан нисбат ба Тоҷикистон даст кашанд”.
Сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид таъкид кардааст, низоми демократие, ки дар Тоҷикистон мебошад, тавонистааст, миёни пайравони андешаҳои гуногун ҳамзистию таҳаммулпазироро таъмин кунад ва аз ин рӯ, хуб мешуд, агар “дар қабул намудани ҳар гуна хабар аз рӯи манҳаҷи Қуръон амал мекард, ки мефармояд: "Эй мӯъминон, агар фосиқе хабареро пеши шумо биёрад, пас, таҳқиқ кунед, мабодо ба нодонӣ қавмеро зарар расонед, пас, аз он чи амал кардаед, пушаймон шавед!”. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 6). Вале мебинем, ки ин манҳаҷ риоя намегардад”.
Юсуфов афзудааст, маҳз нооромии кишварҳои исломию арабнишин ва бесарусомониҳои минтақа дар пайи дархостҳои ин гуна, ки “Мардумро ба ҳоли худ гузоред!” ба миён омада, беҳтар буд, агар ин марҷаи тақлиди Эрон аз дахолат ба умури дохилии Тоҷикистон, ки ҳоло мавриди “ҳамлаи густурдаи иттилоотӣ” қарор дорад, худдорӣ мекард: “Оятуллоҳи мӯҳтарамро авлотар ин аст, ки ба ҷои тарвиҷ намудани хабарҳои нодуруст ва муғризонае ҳамчун олим аз пайи иҷрои рисолати илмии худ бошад. Зеро ҳама дарк карда истодаанд, ки дахолат кардан дар корҳои дохилии кишвари дигар ва таҳмили андешаи муайян ба зарари ҳамагон анҷом ёфта истодааст”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон низ бо нашри изҳорот ба паёми Шерозӣ посух гуфтаанд.
Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ахиран дар масҷиди аъзами Қум аз Эмомалӣ Раҳмон хост, ба мақомоти Тоҷикистон дастур диҳад, то “мардумро ба ҳоли худашон гузоранд”. Шерозӣ гуфта буд, “дар ахбор матолибе мунташир шуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон матлаби тунде дар бораи ҳиҷоб гуфта ва дар пайи он дар кӯча ва хиёбон чодар аз сари занон кашидаанд. Мо паёми дӯстонае ба раисиҷумҳур дорем. Мо ин корро дар замони Ризохон таҷруба кардем, вале мардум таслим нашуд. Ин масъала боис мешавад, ки байни давлат ва миллати Тоҷикистон ихтилоф биафтад ва дар ин шароити ҳассос сазовор нест”.